Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод хабари тирборони мавқеъҳои НАТО-ро рад кард


Исломобод хабари тирборони низомиёни НАТО ва афғон аз сӯи постгоҳҳои артиши Покистонро рад кард.

Ин ҳодиса дар мавзеъи Мӯҳманд дар марзи Афғонистон рӯх дод. Намояндагони низомии афғон гуфтанд, ки рӯзи шанбе нерӯҳои Покистон мавқеъҳои низомиёни НАТО ва Афғонистонро ҳадафи тирборон қарор доданд. Ин тирборон чун посух ба ҳамлаи ҳамлаи ахири ҳавоии НАТО, ки мунҷар ба ҳалокати 24 сарбози покистонӣ гардид, арзёбӣ шудааст. Ва аммо намояндаи артиши Покистон хабари тирборонро рад кард ва изҳор намуд, ки НАТО ва Афғонистон барои худсафедкунӣ баҳона меҷӯянд.

Рӯзи якшанбе дар шаҳрҳои гуногуни Покистон намоишҳои зиддиамрикоӣ ва зидди амалҳои нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон баргузор шуданд.

Ҳайати фармондеҳии НАТО барои ҳалокати 24 афсару сарбози покистонӣ аз Исломбод маъзарат хост ва зарбаи ҳавоиро "як тасодуфи фоҷиабор" номид.
XS
SM
MD
LG