Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Ал Азҳар аз майдони Таҳрири Миср ҷонибдорӣ кард


Шайх Аҳмад Тайиб-имомхатиби донишгоҳи Ал Азҳар, ки баландтарин пешвои сунниҳо дониста мешавад, имрӯз ҳимояти худро аз эътрозгарони майдони Таҳрири Миср баён дошт ва ба онҳо комёбӣ хост. Ҳасан Шафиъ-яке аз ҳамкорони аршади имомхатиб дар майдон ба тазоҳуркунандагон гуфт, Шайх Аҳмад Тайиб аз шумо ҷонибдорӣ мекунад ва дуо мекунад, ки шумо ба пирӯзӣ расед. Хайрхоҳии раҳбари донишгоҳи исломии Ал Азҳар ба тазоҳуркунандагон падидаи беназир аст, зеро раҳбари ин донишгоҳро раиси ҷумҳур таин мекунад ва хеле кам иттифоқ меафтад, ки раҳбари чунин донишгоҳи бонуфуз бар зидди мавзеъгирии ҳукумат изҳори ақида кунад.
XS
SM
MD
LG