Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ ва Меркел ба созишномаҳои ИА тайғирот ворид карданианд


Раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел мехоҳанд ба созишномаҳои бунёдии Иттиҳодияи Аврупо тағйироте пешниҳод кунад, ки ба кишварҳои узв барои вокуниши сареъ ба мушкилоти иқтисодӣ амсоли бӯҳрони қарзи феълӣ дар минтақаи евро имкон хоҳанд дод.

Дар ин бора Саркозӣ ва Меркел дар шаҳри Страсбург баъд аз нахустин музокироташон бо сарвазири нави Италия Марио Монтӣ хабар доданд. Дар ин нишаст раиси ҳукумати Италия ба мусоҳибонаш барномаи нави иқтисодии кобинаи худро муаррифӣ кард.

Ангела Меркел дар ташреҳи дигаргуниҳои эҳтимолӣ ба созишномаҳои Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки онҳо ба фаъолияти Бонки марказии Аврупо дахл надоранд.

Ба гуфтаи Николя Саркозӣ, се кишвари бузурги минтақаи евро – Фаронса, Олмон ва Италия хостори нигаҳ доштани пули воҳид – евроянд.
XS
SM
MD
LG