Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаъоҳо дар бораи нахуствазири Арманистон таҳқиқ мешавад


Пулиси Арманистон ваъда дод, ки иддаъоҳо дар мавриди фасодкории нахуствазир Тигрон Саркисиёнро таҳқиқ хоҳад кард, агарчӣ худи ӯ ин иддаъоҳоро “таҳдид” хондааст. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, Авган Ҳовсепиён, як сиёсатмадорои ҳукуматгаро дар як номаи саркушода ба додситони кулли Арманистон навиштааст, Тигрон Саркисиён, нахуствазир ва даҳҳо нафар мақомоти дигари расмӣ, дар истифодаи ғайриҳадафмандонаи 31 миллион доллари корхонаи бузурги химиявии Найрит даст доранд. Номаи мазкур дар матбуоти Арманистон инъикоси зиёде пайдо кард ва додситонии кулл гуфтааст, ки ба ин масъала расидагӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG