Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати кобинаи вазирони Либия эълон шуд


Абдулраҳим Ал-Киб
Абдулраҳим Ал-Киб
Сарвазири муваққати Либия Абдулраҳим Ал-Киб дар пайи тасвиб шудани ҳайъати ҳукмат аз сӯи Шӯрои миллии гузор асомии аъзои кобинаи навро эълон кард. Ҳукумати муваққат ба ин кишвари нафтхези арабии шимоли Африқо то замони интихоботи парлумонӣ, ки моҳи июни соли оянда доир хоҳад шуд, раҳбарӣ хоҳад кард. Шӯрои миллии гузор баъди суқути режими Муаммар Қаззофӣ талош дорад, назорати тамоми кишварро ба даст оварда, ба эъмори ниҳодҳои давлатӣ шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG