Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбии паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ


Бино ба хабари “Азия-Плюс”, паҳлавонони тоҷик аз мусобиқоти байналмллалӣ дар шаҳри Уфа-маркази Бошқирдистон чаҳор медал ба даст овардаанд. Ин мусобиқот аз 17 то 20 ноябр баргузор шуд. Дар он 100 варзишгар аз 16 кишвар ширкат доштаанд. Аз Тоҷикистон дар вазни 100 килограм Маҳмад Миров аз ноҳияи Масчоҳ ва дар вазни 90 килограм Хуршед Шарипов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дарёфти медали нуқра ноил шудаанд. Самандар Эрназаров дар вазни 100 килограм ва Ҳусниддин Тошмуродов дар вазни 81 килограм ҳар ду аз ноҳияи Истаравшан медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқоти ҷаҳонии 12-16 октабр дар шаҳри Бишкек Маҳмад Миров дар навъи гуштии тарзи озод барои Тоҷикистон нахустин медали тилло оварда буд.
XS
SM
MD
LG