Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод хабари музокирот бо толибонро тайид кард


Ҳамлаҳои террористӣ дар Вазиристони ҷанубӣ идома доранд
Ҳамлаҳои террористӣ дар Вазиристони ҷанубӣ идома доранд
Мақомоти Покистон бо толибони кишвар музокирот анҷом медиҳанд. Ин иттилоъи расонаҳои маҳаллиро имрӯз намояндагони ҳукумат ва ҷунбиши “Толибон” тайид карданд. Ба ҳайати ҳукуматӣ амалдорону низомиёни воломақоми собиқ ва сарони баъзе қабилаҳо шомиланд.

Талаби асосии толибони Покистон – хуруҷи нерӯҳои ҳукуматӣ аз манотиқи кӯҳии Вазиристони ҷанубист, ки пойгоҳи асосии мусаллаҳони мухолифи ҳукумат маҳсуб мешавад. Соли 2009 артиши Покистон дар ин минтақа амалиёти низомӣ алайҳи толибон ва дигар гурӯҳҳои мухолифи ҳукуматро шурӯъ кард.

Ба иттилои хабаргузории Ассошиейтед Пресс, ду ҷониб ҳамчунин мавзӯъи табодули асиронро ҳам баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG