Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Тоҷикистон аз рафтори мақомоти Русия


Давлати Тоҷикистон аз мақомоти Русия хостааст, ба баёнияҳои тавҳиномезу манфӣ нисбат ба мардум ва ҳукумати Тоҷикистон хотима диҳад. Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷӣ рӯзи шанбе гуфт, масъалаи мазкур дар ҷараёни мулоқоти Маҳмудҷон Собиров, муовини вазир ва Сергей Попов, сафири Русия дар Душанбе баррасӣ шудааст. Дипломати тоҷик гуфтааст, матбуоту раҳбарони баландпояи Русия бо шарҳи қазияи халабонҳои зиндонишудаи рус, нисбат ба Тоҷикистон беэҳтиромӣ мекунанд. Маҳмудҷон Собиров, ҳамчунин аз сарнавишти муҳоҷирони корӣ ибрози нигаронӣ кардааст, ки тайи як ҳафтаи ахир садҳо нафар аз онҳоро боздошт карданд ва гурӯҳеро ҳам аз қаламрави Русия ронданд. Додгоҳи Тоҷикистон рӯзи 8 ноябр, Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро бо гуноҳи убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз ба ҳаштуним солӣ зиндон маҳкум кард, ки ин ғавғоеро дар Русия барангехт.
XS
SM
MD
LG