Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ихвон-ул-муслимин" фардои Либияро баррасӣ мекунад


Сулаймон Абдулқодир
Сулаймон Абдулқодир
Дар шаҳри Бенғозии Либия нахустин дар даҳсолаҳои ахир конфаронси созмони “Ихвон-ул-муслимин” мегузарад.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, дар нишаст роҳҳои минбаъдаи рушди сиёсии кишвар баррасӣ мешавад. Сулаймон Абдулқодир, раҳбари “Ихвон-ул-муслимин”-и Либия дар суханронияш таъкид кард, ки барномаи созмони онҳо хело мӯътадил аст.

Замони қудрати Муаммар Қаззофӣ, фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” дар Либия мамнӯъ буд, ҷаласаҳои созмон ё махфӣ ё дар хориҷи кишвар баргузор мешуданд.

Ба гуфтаи нозирон, дар нахустин интихоботи озод дар Либия гурӯҳу аҳзоби мазҳабӣ ва дунявӣ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG