Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ мехоҳад 7 миллион силоҳро аз дасти мардум бигирад


Ҳукумати Ироқ мехоҳад, силоҳ ва истифодаи онро дар кишвар зери назорат гирад. Ба ин мақсад сарвазир Нурӣ ал-Моликӣ тарҳеро ба порлумон пешниҳод кард, ки нигаҳдории аслиҳаро ба аҳолӣ, ба истиснои ҳарбиён ва маъмурони амниятӣ, манъ мекунад. Қарор аст, раъйгирии ин тарҳ дар порлумони Ироқ ҳафтаи оянда баргузор шавад. Бино ба омори мавҷуда, ҳоло дар Ироқ зиёда аз 7 миллион мил силоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд аст.
XS
SM
MD
LG