Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки тиббии сафорати Амрико ба Тоҷикистон


Бино ба хабари сафоратхонаи Амрико дар Душанбе, ин сафоратхона интиқоли лавозимоти тиббиро ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 35 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, ки он бузургтарин ҳамлу нақли алоҳида аз соли 2001 то ба ҳол дониста мешавад. Дорувоӣ ба таври ройгон ба бемористон ва муассисаҳои тиббии саросари Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Сафири Амрико Кен Гросс дар маросими тақдими лавозимоти тиббӣ ба шифохонаи бемориҳои сирояткунандаи шаҳри Душанбе ширкат дошт. Кӯмак аз доруворӣ ба маблағи миллионҳо доллар барои мубориза бо касалии гепатити С, антибиотикҳо ва инчунин доруворӣ барои касалиҳои онкологӣ, дил ва рӯҳӣ иборат буд. Сафорат гуфтааст, ин доруҳо дар дармонгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва вилоятҳои Хатлону Суғд тақсим карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG