Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Голи аввал дар бозии тимҳои Узбакистону Тоҷикистон


Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд қисми аввали бозии байни тимҳои миллии футболи Узбакистону Тоҷикистон анҷом ёфт. Баъди қисми аввали бозӣ ҳисоб 1:0 ба фоидаи Узбакистон аст. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 34-уми ин бозии даври панҷуми мусобиқоти гурӯҳӣ барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар гурӯҳи С аз қораи ОсиёСанҷар Турсунов зад. Бозии аввали ин ду тим дар Турсунзода бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи Узбакистон анҷом ёфта буд. Тоҷикистон ҳамаи 4 бозииқаблии худро бохт. Сармураббии тим Олимҷон Рафиқов дар Тошканд гуфт, тими Тоҷикистон худро дар байни тимҳои пурқуввати қораи Осиё мисли як шогирд эҳсос мекунад, вале ин мусобиқот барои онҳо як мактаби бузург буд
XS
SM
MD
LG