Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия боз 50 тани дигар кушта шуданд


Фаъолони мухолифин мегӯянд, дирӯз дар Сурия дар идомаи саркӯбии намоишҳои зидди режим дастикам 50 ғайринизомии дигар кушта шуданд. Ба ҳисоби СММ, аз оғози эътирозҳои алайҳи режими Башор Асад дар моҳи март дар Сурия беш аз 3500 тан ҷон бохтаанд.
Дирӯз малики Урдун Абдуллоҳ нахустин раҳбари арабие шуд, ки Башор Асадро ба тарки мақом даъват кард. Амрико низ гуфт, ки Асад дар инзивоъи афзоянда қарор гирифта, қонунмандиашро аз даст додааст ва бояд тарки мақом кунад. Ахиран Лигаи Араб узвияти Сурияро мутаваққиф сохта, ИА дирӯз таҳримоташ алайҳи Димишқро афзоиш дод.
XS
SM
MD
LG