Пайвандҳои дастрасӣ

Лукас Пападемос нахуствазири Юнон таъин шуд


Лукас Пападемос
Лукас Пападемос, собиқ муовини раиси Бонки марказии Аврупо, нахуствазири Юнон таъин шуд. Дар ин бора дафтари раёсатҷумҳурии Юнон хабар дод.

Пападемос ба ҳукумати нави эътилофии Юнон раҳбарӣ хоҳад кард, ки қарор аст аз 11 ноябр ба кор шурӯъ кунад. Аҳзоби асосии Юнон дар бораи ҳайати ҳукумати нав ба созиш расиданд. Георгиос Папандреу дирӯз тайид кард, ки аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо медиҳад.

Ҳукумати нави Юнон бояд ба хотири дарёфти 130 миллиард қарзи Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул бояд аз чораҳои шадиди сарфаи буҷа кор бигирад, дар сурати дарёфт накардани ин маблағ ба Юнон варшикастагӣ ва хуруҷ аз “минтақаи евро” таҳдид мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG