Додгоҳи олии Исроил аризаи бознигарии ҳукми додгоҳи раисиҷумҳури пешин Моше Қасабро, ки барои таҷовуз ба номус ва дастдарозӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, рад кард.
Аз қарори Додгоҳи олӣ бармеояд, ки Моше Қасаб дар даҳаи аввали соли декабр ба маҳбас интиқол меёбад. Дар давраи бозрасии аризаи бознигарӣ ба раисиҷумҳури пешин иҷоза дода буданд, ки берун аз зиндон ба сар барад.
Ҳукми зиндони Мошев Қасаб тақрибан як сол пеш ироа шуда буд. Додгоҳ ӯро дар таҷовуз ба номуси як хонум замони вазири ҳукумат буданаш ва дастдарозӣ ба ду зани дигар замони раисиҷумҳур буданаш айбдор кард. Моше Қасаб аз соли 2000 то соли 2007-ум раисиҷумҳури Исроил буд.