Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи музокирот оид ба ҳукумати нави эътилофии Юнон


Имрӯз дар Юнон музокирот оид ба ҳайати ҳукумати нави эътилофӣ идома ёфт.

Дирӯз нахуствазир Георгиос Папандреу тайид кард, ки ба истеъфо меравад ва аммо ному насаби раиси нави ҳукуматро ошкор накард – аҳзоби сиёсӣ дар бораи номзадии нахустваазири нав ба созиш нарасидаанд.

Дирӯз як ҳизби хурди миллатгаро мавсум ба ЛАОС музокиротро тарк намуд – раҳбарони ҳизб ду ҳизби асосии кишвар –сотсиалистӣ ва муҳофизакорро “дар сиёсатбозӣ дар вазъи бӯҳронӣ” айбдор карданд.

Ҳукумати нави Юнон хотири дарёфти 130 миллиард евро қарзи Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул бояд аз чораҳои шадиди сарфаи буҷа кор бигирад. Дар сурати дарёфт накардани ин маблағ ба Юнон варшикастагӣ ва хуруҷ аз “минтақаи евро” таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG