Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду фаъоли ПАРНАС аз сӯи полиси Маскав


Кормандони полиси шаҳри Маскав ду тан аз фаъолони ҳизби сабтиномнашудаи ПАРНАС – Ҳизби озодии мардумиро барои чанд муддат боздошт карданд.

Елена Дикун, сухангӯи ҳизб ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, Олга Никонова ва Юрий Косминин дар ҳоле дастгир шуданд, ки дар даромадгоҳи як стансияи метро гузориши “Путин.Фасод” ва дастуре дар робита ба тарзи рафтор дар ҷараёни интихоботи Думаи давлатиро паҳн мекарданд. Дар ин дастур, аз ҷумла, аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 4 декабр алайҳи ҳама аҳзоби шомил ба варақаҳои раъйдиҳӣ овоз диҳанд.
XS
SM
MD
LG