Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф Карзайро барои дӯстӣ бо Ҳинд интиқод кард


Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистон, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистонро барои паймон бо Ҳиндустон дар бахши тамрину тарбияи нерӯҳои афғон интиқод кард ва гуфт, Кобул як чунин пешниҳоди Покистонро рад карда буд. Парвиз Мушарраф дар ин бора дар барномаи Фарид Закариё дар телевизиони Си Эн Эн сухан гуфт. Мушарраф, ки аввал диктатори низомӣ ва аз соли 2001 то соли 2008 раиси ҷумҳури Покистон буд, гуфт, аз Ҳомиди Карзай хоста буд, ба ҷойи фиристодани одамонаш ба Ҳинд, онҳоро ба Покистон бифристад. Ба гуфтаи ӯ, ихроҷи тадриҷии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, ки соли 2014 такмил мешавад, Карзайро водор кардааст, ба Ҳинд наздиктар шавад. Ҳинд то кунун ба Афғонистони ҷангзада 2 миллиард доллар кӯмак кардааст ва аввали ҳамин моҳ бо ин кишвар паймони мушорикати стротежӣ имзо кард.
XS
SM
MD
LG