Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се узви Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро зиндонӣ карданд


Додгоҳи вилояти Суғд се нафарро бо гуноҳи узвият дар созмони тундрави Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ҳар се нафарро дар узвият ба гурӯҳи ҷиноӣ ва таъсиси чунин гурӯҳ гунаҳкор донист ва онҳоро аз ҳашт то нӯҳ сол ба таҳаммул дар зиндони шароити сангин маҳкум кард. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Суғд, тайи 9 моҳи равон 33 узви Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ки созмони терорристӣ дониста мешавад, дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG