Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравони Худойбердиев баъд аз афв раҳо шуданд


Пайравони Худойбердиев баъд аз раҳоӣ
Пайравони Худойбердиев баъд аз раҳоӣ
Ҳафт пайрави Маҳмуд Худойбердиев бо ҳукми ҳайати машваратии Додгоҳи олӣ тибқи моддаи 10-и қонуни афв озод шуданд. Қозии парванда ҳангоми эълони ҳукми додгоҳ гуфт, ин ҳукм бар асоси эътирози додситонии Хатлон бар зидди ҳукми додгоҳи Хатлон, ки ҳар яке аз ин афродро ба 14 соли зиндон маҳкум карда буд, сурат гирифтааст. Ин афрод тибқи панҷ банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла узвият дар гуруҳи сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, иштирок дар исёнҳои мусаллаҳона дар солҳои 1997-98 дар вилояти Суғд, убури ғайриқонунии марз, кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам шуда буданд.
XS
SM
MD
LG