Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ва Зардорӣ дар Туркия бо ҳам мулоқот мекунанд


Карзай ва Зардорӣ дар дидори пешини Истамбул, сетябри соли 2010
Карзай ва Зардорӣ дар дидори пешини Истамбул, сетябри соли 2010
Имрӯз Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ-руасои ҷамоҳири Афғонистону Покистон дар Истамбули Туркия мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом медиҳанд. Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркия мизбони ин мулоқот аст. Мақомоти Туркия умед доранд, ин мулоқот ба Афғонистону Покистон имкон медиҳад, то ба бозии “айбдорсозӣ”-и якдигар хотима бахшанд. Чунин айбдорсозии дуҷониба бар асари як силсила ҳамлаҳои тундравон пеш омадааст. Мақомоти расмии Кобул нируҳои кашфи Покистонро муттаҳам месозанд, ки онҳо аз Толибон ва шабакаи шӯришиёни Ҳақонӣ ҳимоят мекунанд. Шабакаи Ҳақонӣ бо Толибон иртибот дорад.
XS
SM
MD
LG