Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳамони куштори Егор Свиродов ба мӯҳлати то 20 соли зиндон маҳкум шуданд


Додгоҳи шаҳри Маскав нафарони муттаҳам дар куштори ҳаводори футбол Егор Свиридовро ба мӯҳлати аз 5 то 20 соли зиндон маҳкум кард. Аслан Черкесовро, ки дар куштори барқасдона айбдор шудааст, ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карданд. Дигар панҷ нафар, ки барои авбошӣ гунаҳгор шуданд, ба мӯҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ҳаводори тими “Спартак” Егор Свиридов дар як ҷанҷоли хиёбонии баъди бозии футбол дар Маскав кушта шуд. Дар пай, бенизомиҳои хиёбонӣ сар зад, ки бештар рӯҳияи бегонаситезиву зиддиқафқозӣ дошт. Мунаққидон ҳукми муттаҳамонро сиёсӣ арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG