Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба сохтмони НАТО дар Қандаҳор


Полиси Афғонистон гуфт, ки дар паи ҳамлаи шӯришиён ба НАТО дар даргирие дар вилояти Қандаҳор чаҳор шӯришӣ ва як тарҷумони нирӯҳои Байналмилалии кӯмаки амниятӣ кушта шуданд. Абдуррозиқ, раиси полиси вилояти Қандаҳор ҳамлаи ахирро чунин тасвир кард:

"Рӯзи панҷшанбе соати дуюними рӯз Толибон аз ин сохтмон болои гурӯҳи таъмиркунандагон ҳамла анҷом доданд. Ин даргирӣ тақрибан яку ним соат идома кард. Нирӯҳои амниятии афғон чаҳор ҷангии Толибонро, к ибо силоҳҳои вазнину сабук мусаллаҳ буданд, куштанд. Полис сохтмонро иҳота карда, вазъро зери назари худ қарор додааст».

Масъулияти ин ҳамларо Толибон ба дӯши худ гирифтанд.
XS
SM
MD
LG