Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷорҳои Бағдод 18 нафар ба қатл расиданд


Мақомоти полис ва кормандони шифохонаи Бағдод мегӯянд, ки дар натиҷаи инфиҷори ду бам 18 нафар кушта, бештар аз 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба гузоришҳо, бамгузорон кормандони полисро дар ноҳияи Ури пойтахт ҳадаф қарор додаанд. Бами дуввум замоне мунфаҷир шудааст, ки хадамоти таъҷилӣ ба маҳалли ҳодиса омадаанд, то афроди маҷрӯҳро ба бемористон интиқол диҳанд. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки бо фаро расидани поёни сол мӯҳлати хуруҷи нируҳои Амрико аз Ироқ ба поён мерасад ва хушунат дар ин вақт афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG