Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин ҳосили ғалла дар Қазоқистон дар 20 соли ахир


Russia -- grain harvest, Volgograd Oblast, 07Jul2006
Russia -- grain harvest, Volgograd Oblast, 07Jul2006
Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон кишоварзони кишварашро барои ҷамъоварии зиёдтарин ҳосили ғалла дар 20 соли истиқлолият табрик кард. Назарбоев гуфт, ки соли ҷорӣ дар кишвараш 29 миллион тон ғалла ҷамъоварӣ шудааст ва бештари он гандум аст. Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, соли ҷорӣ Қазоқистон метавонад 15 миллион тон ғалларо ба хориҷ содир кунад ва ин хабари хубе барои бисёриҳост. Соли гузашта дар натиҷаи оташсӯзиҳо масоҳати зиёди кишт осеб дид ва Қазоқистон маҷбур шуд, содироти ғаллаи худро хеле коҳиш диҳад. Қирғизистони ҳамсоя ва Тоҷикистон аз он зарар диданд. Қазоқистон яке аз кишварҳои аслии содиркунандаи ғалла дар ҷаҳон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG