Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Туркманистон озод шуд


Давлати Туркманистон имрӯз бар асоси қонуни авф дар баробари садҳо нафари дигар хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодиро аз зиндон озод кард. Давлатмурод Язғулиевро тақрибан як моҳи пеш бо иттиҳоми ташвиқи як хешовандаш ба худкушӣ 5 соли зиндон маҳкум карда буданд. Давлатмурод Язгулиев, имрӯз аз ҳамаи онҳое, ки барои раҳоии ӯ талош карданд, ибрози сипос кард.
XS
SM
MD
LG