Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаммар Қаззофиро дар ҷойи номаълуме дафн карданд


Бино ба гузоришҳо, имрӯз Муаммар Қаззофӣ, писараш Мӯътасим ва яке аз дастёрони ӯро дар ҷойи номаълуме дар Либия дафн кардаанд. Ҷасадҳои ин афродро аз рӯзи панҷшанбе дар сардхонае дар шаҳри Мисрота нигаҳ медоштанд. Марги Қаззофӣ ба ҷанги ҳаштмоҳа дар Либия хотима дод. Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либияро рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш дар шаҳри Сирт куштанд ва шароити марги ӯ рӯшан нест. Мустафо Абдулҷалил, раҳбари Шӯрои олии гузори Либия гуфт, ки кумитаи махсусе барои таҳқиқи шароити ҳалокати Қаззофӣ таъсис дода шудааст.
XS
SM
MD
LG