Қарор аст, имрӯз натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи сартосарии Тунис эълон шавад. Ҳизби ислоҳотталаби исломии Ан Аҳдо иддао дорад, ки дар интихоботи рӯзи якшанбе пирӯзӣ ба даст овардааст. Дар ин интихобот ба таври бесобиқа 90 дарсади райдиҳандагон ширкат кардаанд ва баъд аз ду рӯзи интихобот то ҳол мақомоти интихоботӣ дар баъзи минтақаҳо варақаҳои райро мешуморанд. Дар ин интихобот порламоне баргузида шуд, ки як сол фаъолият мекунад ва дар ин муддат пешнависи Қонуни асосии навро таҳия хоҳад кард. Ин порламон ҳамчунин раиси ҷумҳури нав ва ҳукумати навро интихоб ва кишварро ба интихоботи нави сартосарӣ дар аволии соли 2013 омода мекунад.