Дар Тунис ҳисобу китоби баргаҳои раъйдиҳӣ дар нахустин интихоботи озод баъд аз суқути раисиҷумҳури пешин Зайнулобиддин бини Алӣ идома дорад.
Дирӯз сокинони кишвар дар интихоби 217 узви Маҷлиси муассисон, ки бояд Қонуни асосии нави кишварро таҳия ва ҳайати ҳукумати навро тасдиқ кунад, ширкат намуданд.
Ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ, беш аз 90 дар сад, ё беш аз чаҳор миллиону 100 ҳазор афроди соҳиби ҳаққи райъ пушти қутиҳои овоздиҳӣ омаданд.
Зайнулобиддин бини Алӣ, ки 23 сол раҳбарии Тунисро бар ӯҳда дошт, моҳи январи соли равон бар асари намоишҳои эътирозии густурда мақомашро тарк кард.
Қарор аст, натоиҷи расмии интихобот шоми имрӯз ё субҳи рӯзи сешанбе эълон шавад.