Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон баъди Исломобод ба Душанбе хоҳад омад


Ҳилларӣ Клинтон бо сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ
Ҳилларӣ Клинтон бо сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ
Қарор аст, имрӯз вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон вориди Тоҷикистон шавад. Ӯ фардо бо мақомоти Душанбе роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ дар Афғонистон ва вазъи равобити Тоҷикистону Амрикоро баррасӣ хоҳад кард. Хонум Клинтон дирӯз баъд аз анҷоми боздидаш аз Афғонистон ба Покистон рафт. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар пайи мулоқот бо Клинтон гуфт, нирӯҳое дар Покистон аз Толибон ва гурӯҳҳои дигари чирикӣ ҳимоят мекунанд. Клинтон акнун ин масъаларо бо раҳбарони Покистон дар миён хоҳад гузошт. Ӯро дар ин сафар ҳайъати баландпояи иборат аз раиси Идораи ҷосусии Амрико Девид Петреус ва фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиш Мартин Демпсӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG