Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи барчидани саддҳои сербҳо дар Косово


Посдорони сулҳи ба раҳбарии НАТО, ба барчидани саддҳои гузоштаи сербҳо дар як гузаргоҳи марзии баҳсбарангез дар шимоли Косово шурӯъ карданд. Нерӯҳои КФОР дар ин ҷо ба мухолифати 150 серб рӯ ба рӯ шуданд ва посдорони сулҳ барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода бурданд. Сербҳо,ки истиқлолияти Косовои умдатан албанишиниро эътироф намекунанд, моҳи июл дар роҳҳои аслии самти гузаргоҳи марзии Брняк саддҳои худсохт гузоштанд, то мақомоти албанӣ натавонанд, гузаргоҳи марзиро таҳти назорати худ гиранд. Борис Тадич, раиси ҷумҳури Сербистон, сербҳои Косово ба хештандорӣ даъват кард ва аз посдорони сулҳи НАТО хост, аз истифодаи нерӯ парҳез кунанд. Косово соли 2008 худро аз Сербистон ҷудо ва мустақил эълом кард, вале давлати Сербистон истиқлоли онро ба расмият намешиносад.
XS
SM
MD
LG