Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви байналмилалӣ: Ба диктаторҳо силоҳ нафурӯшед


Афви байналмилалӣ дар гузориши наваш мегӯяд, бисёре аз кишварҳое, ки ҳоло аз эътирозҳои Ховари Миёна ҳимоят мекунанд, режимҳои ин минтақаро бо аслиҳа таъмин мекарданд. Ин созмон бар асоси таҳлили ҳамлу нақли силоҳ ба Мисру Либия ва Яману Баҳрайну Сурия дар 6 соли охир мегӯяд, таъминкунандаи асосии режимҳои саркӯбгари Ховари Миёна Русияву Амрико, Фаронсаву Олмон ва ҳамчунин кишварҳое, чун Чехияву Булғористон будаанд. Ин гурӯҳ хостори назорати бештар бар содироти силоҳ шудааст, то аз имкони истифодаи он бо ҳадафи нақзи ҳуқуқи инсон ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG