Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷори Сомалӣ 4 нафар кушта шуданд


Мақомоти расмии Сомалӣ мегӯянд, дар назди бинои вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар Магадишу-пойтахти Сомалӣ як бамгузори интиҳорӣ мошини бамгузоришударо мунфаҷир сохт ва дар он 4 нафар, ба шумули худи бамгузор, кушта шудаанд. Полис мегӯяд, 6 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва ба беморхона интиқол дода шудаанд. Ин инфиҷор дар ҳоле рух додааст, ки вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои Кения дар Магадишу қарор доранд, то бо раҳбарони Сомалӣ мулоқот кунанд. Кения рӯзи якшанбе дар ҷануби Сомалӣ бар зидди тундравҳо, ки бо Ал Қоида иртибот доранд, амалиётро оғоз кард.
XS
SM
MD
LG