Пайвандҳои дастрасӣ

Нуфузи ҳавои тирамоҳӣ бар Тоҷикистон


Бо вуҷуди ҳифзи ҳавои нисбатан гарм, нафаси тирамоҳ батадриҷ бар Тоҷикистони офтобӣ низ нуфуз мекунад. Ҳавошиносон барои имрӯз, 17 октябр, дар Тоҷикистон ҳавои асосан камабр ва танҳо дар Душанбеву водии Вахш ҳавои ҳамчунон софро пешбинӣ мекунанд. Пойинтарин мизони ҳарорат – 8 дараҷа- имрӯз барои Хоруғ ва баландтаринаш – 28 дараҷа – тибқи маъмул, барои Қӯрғонтеппа дар назар дошта шудааст. Интизор меравад, ҳарорат имрӯз дар Ғарм – 15, дар Кӯлобу Хуҷанд – то 26 ва дар пойтахт – Душанбе то 25 дараҷа гарм шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG