Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ҳукумати Бритониё аз раҳоии Усмонов


Ҳукумати Бритониё аз раҳоии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би Би Сӣ дар Тоҷикистон ибрози хушҳолӣ карда, вале айни замон ҳукми додгоҳро ноодилона хондааст. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи ҷумъа Ӯрунбой Усмоновро бо гуноҳи иртибот бо созмони тундрави «Ҳизб ут-Таҳрир» гунаҳкор донист ва ба се соли зиндон маҳкум намуд ва сипас бо назардошти Қонуни авф аз толори зиндон озод кард. Дейвид Лидингтон, муовини вазири умури хориҷаи Бритониё гуфтааст, умедвор аст, додгоҳи таҷдиди назар Ӯрунбой Усмоновро бегуноҳ эълом хоҳад кард. Айни замон Дейвид Лидингтон аз теъдоди парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи хабарнигорони тоҷик бо иттиҳоми тавҳину бӯҳтон ибрози нигаронӣ карда ва аз давлати Тоҷикистон хостааст, бо риояти меъёрҳои байналмилалӣ, бигзорад, то хабарнигорон бе тарсу ҳарос кори худро анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG