Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти бузурги футболбозони тоҷик дар Ҷопон


Тими Тоҷикистон дар фурудгоҳи Осака (Акс аз 8 октябр)
Тими Тоҷикистон дар фурудгоҳи Осака (Акс аз 8 октябр)
Тими миллии Тоҷикистон дар шаҳри Осака аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби бузурги 0:8 шикаст хӯрд ва шонси дарёфти роҳхат ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол -2014-ро, ки дар Бразилия хоҳад гузашт, амалан аз даст дод. Футболбозони тоҷик дар ду бозии аввал дар гурӯҳи С аз тимҳои Узбакистону Кореяи шимолӣ бо натиҷаи ҳамсони 0:1 шикаст хӯрда буданд. Тоҷикистон баъди 3 давр ягон имтиёз надошта, дар ин гурӯҳ дар мақоми охирин ҷой гирифтааст.
Ҷопон ва Узбакистон бо 7-холӣ дар ин гурӯҳ пешсафанд.
XS
SM
MD
LG