Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мянмар 3600 маҳбусро афв хоҳад кард


Давлати тоза интихобшудаи Мянмар гуфт, беш аз 3600 маҳбусро раҳо мекунад. Матбуоти давлатӣ гуфт, раҳоии маҳбусон рӯзи чоршанбе бар пояи фармони афви раисиҷумҳур Тейн Сейн оғоз ёфта, раҳоии маҳбусони кӯҳансол, маълулу мариз ва ҳам онҳоеро, ки «рафтори хуби ахлоқӣ» доранд, дар бар мегирад. Мянмар тақрибан 2000 маҳбуси сиёсӣ дорад. Раҳоии маҳбусони сиёсӣ бахше аз барномаҳоест, ки маъмурияти ҷадид дар пайи касби қудрат аз ҳокимони низомӣ дар моҳи март рӯи даст гирифтааст. Аммо бар асоси афви қаблӣ, ҳамагӣ чанд маҳбуси сиёсӣ озод шуда буд.
XS
SM
MD
LG