Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар назди додгоҳи Тимошенко


Ҳазорон нафар аз тарафдорони сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко дар баробари бинои додгоҳ дар Киев гирдиҳам меоянд, зеро қарор аст, имрӯз ҳукми додгоҳ эълон шавад. Тимошенко ба он айбдор мешавад, ки дар муомилаи хариди газ аз ширкати «Газпром»-и Русия ба зиёдаравӣ роҳ додааст. Ҳукумати президент Виктор Янукович мегӯяд, дар натиҷаи ин созиш Украина маҷбур шуд, маблағи беш аз ҳад пардохт кунад. Тимошенко иттиҳомотро рад мекунад ва онро интиқоми сиёсии Янукович меномад, ки дар интихоботи президентии соли 2010 бо фарқи андак пирӯз шудааст. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида аз он нигаронӣ кардаанд, ки додгоҳи Украина раҳбари нофорами мухолифонро ҳадаф қарор додааст.
XS
SM
MD
LG