Нирӯҳои ҳукумати муваққати Либия мегӯянд, дар набард барои Сирт – зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ – ба пешрафтҳои муҳиме даст ёфтаанд. Нирӯҳои Қаззофӣ баъди суқути пойтахти Либия –Троблус- инак 6 ҳафта боз ба муқовимати шадид дар Сирт идома медиҳанд. Дирӯз Шӯрои миллии гузор аз касби назорат бар донишгоҳу бемористони Сирт ва Кохи анҷуманҳо, ки ситоди асосии нирӯҳои Қаззофӣ шуда буд, хабар доданд. Тарафдорони Қаззофӣ шаҳри Банӣ Валидро низ то ҳол дар назорати худ нигоҳ медоранд.