Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б.Худоёров: "Тоҷикистон зидди шиканҷа дар КҶМ моддаи махсус ҷорӣ мекунад"


Дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар нишасти 12-уми худ вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар гузориши миллӣ ба шӯрои мазкур, мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба тааҳуддоти худ дар амри риояти ҳуқуқи инсон пойбанданд ва ба ҳуқуқи мардум дар кишвар эҳтиром мегузоранд.

Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи кишвар, ки дар раъси ҳайати ҳукуматӣ суханронӣ кард, дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар амри ислоҳи низоми додгоҳӣ ва мубориза бо ришвату коррупция суханронӣ кард. Вай дар робита бо талошҳои ҳукумат дар амри ҷилавгирӣ аз шиканҷаи боздоштшудаҳо гуфт:

“Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи қонунеро таҳия кардааст, ки аз рӯи кодекси ҷиноии кишвар муҷозотро барои шиканҷаи боздоштшудаҳо дар назар мегирад. Ин модда мутобиқ ба конвенсияи аввали зидди шиканҷа аст. Кодекси ҷиноиву мурофиавӣ мегӯяд, баёноте, ки дар заминаи шиканҷаи боздоштшуда дар ҷараёни бозпурсии муқаддамотӣ ба даст меояд, ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад”.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар заминаи вуҷуди шиканҷаву азияти боздотшудаҳо дар Тоҷикистон зиёд интиқод мекунанд.
XS
SM
MD
LG