Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги лафзии ҳунарпешаи машҳур бо муфтии саршинос


Вина, ситораи телевизиони Покистон ва олиҳаи ҳусн, арзишҳои исломи суннатии кишварашро ба чолиш кашид.

Ин ситораи машҳури барномаҳои зинда, ки маъмулан дар саҳна бе коғаз ва бадоҳатан сӯҳбат мекунад, дар яке аз намоишҳо бо рӯҳонии шинохта вориди даргирӣ шуд. Вина Малик аслан интизор надошт, ки меҳмони навбатии ӯ муфтӣ Абдул Қавӣ аст, рӯҳоние, ки ҳирфаи ин ситораи саҳнаро
Баъзе рӯҳониёни исломӣ ба номуси шогирдони худ, ки ба онҳо дар масоҷид таълим медиҳанд, таҷовуз мекунанд...

шадидан интиқод мекунад.

Дар ҷомеаи муҳофизакоре мисли ҷомеаи Покистон сарзанишу насиҳати чеҳраҳое монанди Вина Малик мисли даъват ба намоз як чизи маъмулӣ аст. Аммо посухи Вина, чарбзабонии ӯ ва оҳанги бебокӣ дар садояш бисёриҳоро лол кард.

Вина Малик дар посух ба интиқоди муфтӣ Абдул Қавӣ гуфт: “Баъзе рӯҳониёни исломӣ ба номуси шогирдони худ, ки ба онҳо дар масоҷид таълим медиҳанд, таҷовуз мекунанд... ва аз ин ҳам бадтар мекунанд. Покистон барои беобрӯӣ иллатҳое бештар аз Вина Малик дорад. Албаски Шумо ин ҷо маро мурофиа мекунед, талаб мекунам, ин додгоҳ одилона бошад.”



Аммо ин мурофиаи додгоҳӣ набуд. Ҷанги лафзӣ дар дар байни ситораи 27-солаи телевизион ва рӯҳонии саршинос дар
Вина Малик

барномаи зиндаи телевизиони Лоҳур рух дод. Лаҳзае пеш аз он муфтӣ Абдул Қавӣ ситораи телевизион Вина Маликро барои рафтори, ба гуфтаи муфтӣ, носазояш дар барномаи телевизиони Ҳиндустон танқид кард ва гуфт, ки ӯ Покистон ва ҳамчунин дини Исломро беобрӯ кардааст. Ҳарчанд муфтӣ баъдан эътироф кард, ки ҳеҷ гоҳ барномаҳои Вина Маликро тамошо накардааст, табъан ақидаи ҳампешагонашро баён доштааст.

Баҳсҳо дар атрофи “тааҳуди ахлоқӣ”-и Вина Малик миллионҳо нафарро дар назди телевизионҳо пойбанд ва ин далел, ки як ҳунарманд рӯҳонии обрӯмандро ошкоро ба майдони набард кашидааст, тамошобинонро моту маҳбут кард.

Ҷонибдорони Вина Малик ӯро барои пешгомиаш ситоиш мекунанд, дар ҳоле ки танқидгаронаш -- эътилофи рӯҳониёни муҳофизакор, миллатгароҳо ва афроди содиқ ба Толибон ва 13 ҳазор нафар дар сомонаи фейсбукии “Ман аз Вина Малик мутанаффирам” эътибори ахлоқии ӯро зери суол бурдаанд.

Вина, номи аслияш Зоҳида, духтари як афсари бознишастаи артиши Покистон замоне ба “шоу-бизнес” рӯй овард, ки падараш гуфт, барои идомаи таҳсили ӯ сармоя надорад. Вай дар 20-солагияш бори аввал ошиқ шуд, аммо ба зудӣ паз аз зӯроварию хушунати шахси маҳбубаш аз дӯстписари собиқаш ҷудо гашт. Вале аз ин таҷриба бо паёме берун омад:

“Мехоҳам, ба занони покистонӣ бигӯям, ки “шумо зебоед, қавиед ва набояд
Вина Малик

танҳо барои он ки зан ҳастед, бояд дар сояи мардон пинҳон бимонед. Бояд ба онҳо гуфт, ки набояд интизори он бошанд, ки мардҳо онҳоро бихӯронанду бипӯшонанд. Онҳо бояд нерӯи худро нишон диҳанд. Ин занон намедонанд, чӣ қадар зебо ва чӣ қадар қавиянд.”

Вина аз тоифаи он ҷавонони Покистон аст, ки мехоҳанд, ҷаҳони муосирро бо решаҳои суннатии кишвари хеш оштӣ диҳанд. Биноан ҳадафи таҳдиди суннатгароён қарор мегиранд.

Аммо афроде чун Умар Сайф, профессори 33-солаи покистонӣ, ки ахиран аз тарафи Институти технологии Массачусетс дар феҳрасти Беҳтарин Навоварони Ҷавони Ҷаҳон номбар шуд, бар ин аст, ки насли Вина Покистонро тағйир хоҳад дод, онро аз пирию фарсудагӣ берун хоҳад кашид ва ба сатҳи наве хоҳад баровард.
XS
SM
MD
LG