Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Тошканд ба таҳқиқи ҳаводиси Ӯшу Ҷалолобод


Элёр Ғаниев
Элёр Ғаниев
Вазири хориҷаи Узбакистон Элёр Ғаниев ба Маҷмаъи умумии СММ гуфт, танишҳои қавмӣ байни узбакҳову қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон то замони анҷоми таҳқиқи фарогири даргириҳои хунини соли гузашта ва ба муҷозот кашидани омилони он хунрезиҳо ҳалл нахоҳад шуд. Ӯ афзуд, то ҳол дар қиболи фармоишгарон, ташкилдиҳандаҳо ва омилони он хушунатҳо иқдомоти сиёсӣ ё ҳуқуқӣ гирифта нашудааст. Низоъи қавмие, ки моҳи июни соли 2010дар вилоёти Ӯшу Ҷалолобод байни узбакҳо ва қирғизҳо рух дод, беш аз 400 кушта ба ҷо гузошт ва тақрибан 375 000 нафарро беҷо кард.
XS
SM
MD
LG