Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои хориҷӣ истихроҷи нафти Либияро идома медиҳанд


Ширкатҳои хориҷӣ коркарди чоҳҳои нафти Либияро аз сар мегиранд.

Ширкати Еni (Италия) дирӯз эълом дошт, ки ба корҳои иктишофӣ дар 15 чоҳи минтақаи Абу-Атифел, воқеъ дар 300 километрии шарқи Бенғозӣ шурӯъ кардааст.

Ширкати фаронсавии Total ҳам фаъолияти худро дар Либия идома медиҳад.

Гуфта мешавад, шурӯъи истихроҷи чоҳҳои нафти Либия баъди он мумкин гардид, ки нерӯҳои Шӯрои миллии гузор ба назорати бахши аъзами кишвар муваффақ шуданд.

Ин нерӯҳо ахиран аз чанд ҷониб ҳамлаи нав ба шаҳри Сиртро, ки таҳти назорати ҷонибдори Муаммар Қазофист, шурӯъ карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, низомиёни ҳукумати нав дар самти шарқӣ ду километр дуртар аз Сирт қарор доранд.
XS
SM
MD
LG