Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдулло Солеҳ дар як паём аз тариқи телевизиони кишвар эълом дошт, ки пешниҳоди Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс барои баргузории интихоботи қабл аз вақти президентӣ розӣ аст.
Дар нахустин суханронӣ баъд аз бозгашт ба ватан ӯ аз мухолифин даъват кард, ки “аз муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ба хотири интиқоли мусолиматомези қудрат” кор бигиранд.
Алӣ Абдулло Солеҳ тайи се моҳ дар Арабистони саудӣ ҷароҳатҳои бар асари ҳамла ба қароргоҳаш бардоштаро муолиҷа мекард ва себҳи рӯзи ҷумъа ба Яман баргашт. Баъди бозгашти ӯ бархӯрдҳо миёни мухолифин ва нерӯҳои амниятии Яман шиддат гирифтанд ва тайи ду рӯзи ахир беш аз 40 нафар ба ҳалокат расиданд.
Раисиҷумҳури Яман дар бораи он ки интихоботи қабл аз вақти президентӣ кай баргузор хоҳад шуд, чизе нагуфтааст.