Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши худкушона дар назди калисо дар Индонезия


Мақомоти Индонезӣ мегӯянд, дар натиҷаи як бомбгузории худкушона дар назди калисо дар ҷазираи Ява ба камияш 20 нафар захмӣ шудаанд. Полис мегӯяд, бомбгузор дар ҳоле худро мунфаҷир кард, намозгузорони рӯзи якшанбе аз калисо хориҷ мешуданд. Ин дувумин таркиши худкушона дар Индонезист, ки калисоро ҳадаф қарор медиҳад. Мақомот ситезаҷӯёни исломиро масъули ҳарду ҳамла номидаанд.
XS
SM
MD
LG