Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Қаззофӣ гуфт, падараш дар ҷанг ширкат дорад


Духтари Муаммар Қаззофӣ мегӯяд, падараш рӯҳияи баланд дорад ва дар канори тарафдоронаш дар ҷанг ширкат мекунад. Оиша Қаззофӣ дар наворе, ки радиои Сурия пахш кард, ҳамчунин аз мардуми Троблус ва шаҳрҳои дигар даъват кард, зидди ҳокимони нав ошӯб кунанд. Макони Қаззофӣ пас аз ишғоли пойтахти Либия аз тарафи шӯришиён номаълум боқӣ мондааст. Дар ин байн иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Либия Маҳмуд Ҷабраил ваъда кард, б адрафторӣ бо хориҷиён мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар хабар дод, ки ҳабсу зӯроварӣ ба коргарони муҳоҷир дар ҳоле авҷ гирифтааст, ки бархе аз онҳо ба ҳимоят аз ҳукумати Қаззофӣ айбдор шудаанд.
XS
SM
MD
LG