Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IOC мегӯяд, қазияи Озарбойҷонро таҳқиқ хоҳад кард


Кумитаи байналмилалии олимпӣ мегӯяд, иддаъоҳо доир ба саъйи Озарбойҷон барои аз роҳи ришва ба даст овардани ду нишони тилло дар бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Ланданро таҳқиқ хоҳад кард. Радиои Би Би Сӣ рӯзи панҷшанбе, гузориш дод, ки Федератсиюни байналмилалии бокс, аз як сармоягузори хусусии озарӣ чанд миллион доллар қарз гирифтааст, ки ба маънии кафолат додани пирӯзӣ ба варзишгарони озарӣ аст. Федератсиюни бокс, ин иддаъоро “нодуруст” хонд ва вале гуфт, қазияро таҳқиқ хоҳад кард. Кумитаи байналмилалии олимпӣ мегӯяд, баъди дидани натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур, худаш масъаларо пажӯҳиш мекунад.
XS
SM
MD
LG