Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди ҲНИТ аз нав фаъол мешавад


Масҷиди ҲНИТ баъди сӯхтори як соли пеш
Масҷиди ҲНИТ баъди сӯхтори як соли пеш
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) масҷиди воқеъ дар қароргоҳи ин ташаккули умдаи мухолифи давлат дар Душанберо комилан барқарор кардааст. Масҷиди ҲНИТ рӯзи 23 октябри соли гузашта бар асари як сӯхтор тахриб шуда буд. Раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ гуфт, акнун дар ин масҷид дар канори аъзои ҲНИ хоҳишмандони дигар, аз ҷумла занон, низ метавонанд намоз гузоранд. Масҷиди ҲНИТ, ба гуфтаи оқои Кабирӣ, танҳо масҷид дар кишвар аст, ки ширкати занон дар намозҳоро иҷозат медиҳад. Аммо мақомоти Тоҷикистон соли гузашта ҳизбро ҳушдор дода буданд, ки ҳамчун як ҳизби сиёсӣ ҳаққи кушодани масҷидро надорад.
XS
SM
MD
LG