Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар Ню-Йорк бо Аббос мулоқот мекунад


Кохи Сафед гуфт, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот мекунад. Ин дар ҳолест ки Амрико талошҳои дипломатиро ба хотири ҷилавгирӣ аз азми фаластиниҳо барои эътирофи Фаластин аз сӯи СММ идома медиҳад. Бо ин ҳол, муовини вазири хориҷаи Русия Михаил Богданов гуфт, бо вуҷуди мухолифати Амрикову Исроил, Маскав аз ин азми фаластиниҳо “сароҳатан” ҳимоят хоҳад кард.
Амрико мегӯяд, давлати Фаластин бояд тавассути музокироти мустақим бо Исроил рӯи кор биояд. Аммо фаластиниҳо мегӯянд, музокирот натиҷа надод.
Қарор аст, Обама имрӯз дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG