Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доминик Стросс-Канн дар нахустин мусоҳибаи телевизиониаш гуфт, ки аз кардааш пушаймон аст


Доминик Стросс-Канн робитаи ҷанҷолбарангези маҳрамонааш бо як пешхизмати меҳмонхонаи Ню-Йоркро чун “ғайри қобили қабул” ва “обрӯрезӣ” интиқод кард, вале айни замон гуфт, ки ин амали ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ “таҷовуз ба номус” набуд. Дар нахустин мусоҳибаи телевизиониаш баъди анҷоми баҳсҳои додгоҳӣ дар моҳи август, ки боиси аз вазифаи раҳбари калони Сандуқи байналмилалии пул канор рафтани ӯ шуд, Стросс-Канн гуфт, ки ҳамеша аз ин амалаш пушаймон мешавад. Баъди рӯ задани ҷанҷоли дастдарозӣ ба номуси як коргари меҳмонхонаи Ню-Йорк, Стросс-Канни 62-сола дастгир шуд ва то анҷоми мурофиаҳои судӣ дар боздошт қарор дошт. Дар нахустин мусоҳибааш бо телевизиони фаронсаии TF1 дар Париж ӯ чунин гуфт:

“Чӣ ҳодиса рӯй дод? Он чӣ ки шуд, бидуни хушунат, зӯровариву маҷбуркунӣ буд ва ҳодисаи ғайриқонунӣ набуд. Ин гапест, ки додситон гуфт. Он чи ки шуд, натанҳо як равобити ғайри қобили қабул, балки бештар аз он як иштибоҳ буд”.

Пешхизмат Нафисса Диалло зидди Стросс-Канн ба додгоҳи шаҳрвандӣ шикоят бурда тақозои пардохти ҷубронпулии ин шармандагиро кардааст. Стросс-Канн дар ҷараёни мусоҳибааш бо телевизиони фаронсавӣ инчунин иддаои нависандаи фаронсавӣ Тристан Банонро, ки гуфтааст, дар соли 2003 метавонист аз ҷониби Стросс-Канн таҷовуз шавад, ҳамчун як тасаввури хом рад кард. Полис ҳоло ин қазияро таҳқиқ дорад. Раҳбари собиқи Сандуқи байналмилалии пул яке аз довталабони аслии курсии президентӣ дар интихоботи соли оянда маҳсуб мешуд, ки баъди ҳодисаи Ню-Йорк аз ин имконият ҳам маҳрум шуд.
XS
SM
MD
LG